Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен
ДУШАНБЕ, 25.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.
Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст.
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
Айни замон дар боғи навбунёд 20 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин тадбир аз як ҷониб ба беталаф ҷамъоварӣ шудани мева мусоидат кунад, аз тарафи дигар ба афзудани даромаднокии сокинони маҳаллӣ аҳамият дорад.
Зимни боздид аз боғи суперинтенсивӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Новобаста ба ин метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав бо риояи қоидаҳои агротехникӣ чунин муайян шудааст: байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол — «пинк леди» яъне навъи «арғувонӣ» ва «голден делишес» навъи «зарринтоб»-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат боғпарвариро яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки рушди соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, дастрасии корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






