ЧАНД ТАВСИЯ БАРОИ ЗИНДАГӢ ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ. Мутахассисон ва коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки дору захира кунед, хоби кофӣ равед, оби зиёд нӯшед, дастҳоятонро мунтазам шуед, ниқобҳо барои рӯйро истифода набаред…

Март 12, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хуруҷи коронавирусро, ки бар асари он беш аз 4000 нафар вафот намуданд, пандемия эълом кард. «Forbes Staff» фикру мулоҳизаҳои мутахассисон ва коршиносонро, ки ба одамон дар бораи тарзи зиндагӣ дар шароити пандемия машварат медиҳанд, ҷамъ овард.

Коронавируси COVID-19, ки дар Чин хуруҷ кард, дар муддати кӯтоҳ аз як қитъа ба қитаъи дигар зуд паҳн шуд. СУТ рӯзи чоршанбе хуруҷи бемориро пандемияи глобалӣ эълон кард.

Чанде пеш «Business Insider» машваратҳои коршиносонро дар бораи чӣ гуна омода будан ба пандемияи коронавирус ҷамъ овард. Маслиҳатҳо барои ИМА буданд, аммо бисёре аз онҳо универсалӣ мебошанд ва онҳоро метавон дар дигар давлатҳо низ истифода кард. Маслиҳати коршиносон дар зер оварда мешавад:

  1. Департаменти амнияти дохилии ИМА маслиҳат додааст, ки машқи бадан кунед, миқдори зиёди об нӯшед ва хоби кофӣ равед.
  2. Маслиҳати дигари ин ниҳод – дар даст доштани нусхаҳо ё шакли электронии китобчаҳои тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ. Тавре тадқиқоти охирини Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Чин (МНПБ) нишон дод, коронавирус барои одамони калонсоле, ки бо вазъи саломатиашон мушкилӣ доранд, хатарнок аст. Масалан, фавт аз коронавирус миёни беморони гирифтори бемориҳои қалбӣ тақрибан 10% ва миёни беморони диабети қанд тақрибан 7%-ро ташкил медиҳад.
  3. МНПБ тавсия медиҳад, ки дастҳоро мунтазам бо собун бишӯед ва аз маҳлулҳои спиртдори тамизкунанда истифода баред. Инчунин коршиносони марказ тавсия медиҳанд, ки ба чашм, даҳон ва бинӣ даст нарасонед. Дар ҳолати пайдошавии нишонаҳои марбут ба бемориҳои роҳи нафас, МНПБ маслиҳат медиҳад, ки дар хона монед, то дигаронро сироят накунед.
  4. Мутахассисони МНПБ даъват карданд, ки аз сафар ба давлатҳои дорои шумораи бештари беморон худдорӣ намоед. Ҳангоми баргаштан аз ин кишварҳо, шахсони гирифтори табларза, сулфа ё нафастангӣ бояд ба духтур муроҷиат кунад.
  5. МНПБ инчунин тавсия медиҳад, ки ниқобҳо барои рӯйро истифода набаред. «Пӯшидани ниқоб, сарфи назар аз ҳолатҳое, ки гап дар бораи корманди соҳаи тиб меравад, ҳеҷ гоҳ худро ҳамчун роҳи муассири ҳифз аз бемориҳои сироятӣ нишон надод», — гуфт корманди илмии Маркази бехатарии саломатии Ҷон Хопкинс Эрик Тонер ба «Business Insider».
  6. Тибқи ақидаи вирусшинос Иэн Маккей аз Донишгоҳи Квинсленд, беҳтар аст маҳсулоти зуд вайроншавандаро харидорӣ накунем, балки меваҳои хушк, донагиҳо, моҳӣ ва сабзавоти консервшуда, лӯбиё, қаҳва, ғалладонагӣ ва макарон бигирем. Коршинос зикр намуд, ки харидории маҳсулот, аз қабили нон, шир, тухм ва йогурт танҳо дар сурате, ки захираи онҳо тамом мешавад, имконпазир аст.
  7. Дар блоги худ Маккей инчунин маслиҳат дод, ки доруҳои бидуни тавсияи духтур фурӯхташаванда, қоғази ташноб, хокаи ҷомашӯӣ ва хӯрокӣ барои ҳайвони хонагӣ захира намоед.
  8. Ҳамзамон вирусшинос аз хариди молу ашёи нодаркор, ки барои ду ҳафта лозим намешаванд, хабардор кард. «Мо дар бораи зомб-апокалипсис (охири замон) гап намезанем ва эҳтимоли зиёд қатъи неруи барқ ё обро нахоҳем дид», — гуфт Маккей.
  9. Мутахассиси бемориҳои сироятӣ Маргарэт Нилл аз Донишгоҳи Браун ба «The New York Times» гуфтааст, ки дар вазъи баамаломада мардумро мебояд барои ҳадди ақал як моҳ дору захира намоянд.

                                                     АКС аз Matthew Horwood / Getty Images

Март 12, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад