COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 49 ва дар давлатҳои Иттиҳод ба 1167 нафар расид
ДУШАНБЕ, 24.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолатҳои сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 дар се шаҳрванди дигари Ӯзбекистон ошкор гардид, ки ду нафари онҳо шахсони аз Россия баргашта ва 1 нафари дигар ҳамсари мусофири аз Туркия омада мебошанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 49 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ба ҳолати 24 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ 1167 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 235, дар Молдова ба 109, дар Беларус ба 81, дар Озарбойҷон ба 72, дар Қазоқистон ба 68 ва дар Қирғизистон ба 42 нафар расид.
Дар Россия ва Украина шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 438 ва 73 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар кишварҳои ИДМ шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, меафзояд. Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 17, дар Озарбойҷон – 10, дар Арманистону Молдова 2-нафарӣ ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.
Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус ба 42 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.
Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 381 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 102 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 12 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (81171), Италия (63927), ИМА (46145), Испания (35136), Германия (29056), Эрон (23049), Франсия (19856), Кореяи Ҷанубӣ (9037), Швейтсария (8795) ва Великобритания (6650) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.
АКС аз STV.UZ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






