Дар Чин ниқоби нави зиддибактериявӣ омода намуданд

Март 11, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти микробиологияи назди  Академияи илмҳои Чин ниқоби бисёркаратаи  зиддибактериявӣ омода карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба China Daily.

Олимон бар онанд, ки ниқобҳои омоданамудаи онҳо мушкили нарасидани онро ҳал месозанд. Ниқоби дуқабата аз  диоксиди титанӣ ва нуқра иборат аст, ки моддаҳои органикиро таҷзия мекунад ва ба афзоиши микроорганизмҳо монеъ мешавад.

Ниқоби нав дар Академияи илмҳои низомии Чин ва Беморхонаи ғарбии Чин дар назди донишгоҳи Сичуан озмуда шуд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ин ниқобҳо метавонанд аз якчанд бактерияҳои дардовар, ҳамчунин вирусҳои  зукоми паранда ва зукоми H3N2 ҳифз намоянд.

Аз рӯи гуфтаҳои мутахассиси Пажӯҳишгоҳи Лян Сзячао, истифодаи ниқоб барои чаҳор рӯз пешбинӣ шуда, дар сурати ба муддати 8 соат пӯшидани он  одамро аз 95 фоизи бактерияҳо эмин медорад.

Мувофиқи маълумоти пешкӣ, Чин метавонад ҳамарӯза 15 ҳазор ниқобҳои зиддибактериявии истифодаи бардавом истеҳсол намояд.

АКС interestingengineering.com

Март 11, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд