Дар Данғара Фестивали фарҳангии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати 300-нафараи ҷавонон ҷиҳати иштирок дар дуюмин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Холисаи Асомиддин, ки ба ҳайати мазкур шомил аст, хабар медиҳад.
Ба иттилои мудири шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷ Раҷабзода, дар доираи баргузории фестивал дар минтақаи сайёҳии Пушинги ноҳияи Данғара бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавии «Наврӯзи ҷаҳонӣ- Наврӯзи ҷавонӣ» доир мегардад.
Ҳамзамон намоиши бозиҳои миллии варзишӣ, анъанаҳои ҷашни Наврӯз, таомҳои миллӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои миллии тоҷикӣ доир гардида, иштирокчиёни Фестивал аз минтақаҳои зебоманзар ва сайёҳии деҳаи Пушинги ноҳия дидан мекунанд.
Ҳайати намояндагони дипломатӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз Осорхона-мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан менамоянд.
Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни фестивал дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дар барномаи фарҳангии ҷавонон иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги миллӣ, дӯсту муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон, ташаккул додани заминаҳои ҳамгироии ҷавонон ва рушди фархангҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор мегардад.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






