Дар Душанбе футболбозони навраси тоҷик ду бозии дӯстона баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби наврасони яккачини Ҳиндустон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2020 рақобати дӯстона баргузор мекунанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев рӯзҳои 13 ва 15 март бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Ҳиндустон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду бозии дӯстона баргузор мекунанд. Оғози бозиҳо соати 16:00 дар назар аст.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби наврсони то 16-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 иштирок менамояд. Мусобиқа аз 15 сентябр то 3 март дар давлати Баҳрайн баргузор мешавад.
Бозиҳои дӯстона
13 март (ҷумъа)
Оғози бозӣ соати 16:00
Тоҷикистон (U-16) – Ҳиндустон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
15 март (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
Тоҷикистон (U-16) – Ҳиндустон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






