Дар Кореяи Ҷанубӣ 376 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардида, шумораи умумии мубталоён ба 3500 нафар расид
ДУШАНБЕ, 03.01.2020. /АМИТ «Ховар» /. Дар Кореяи Ҷанубӣ 376 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 3526 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Yonhap. Аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ то имрӯз 17 нафар фавтидаанд.
Тибқи иттилои Маркази назорат ва профилактикаи бемориҳо дар Корея, аз 376 ҳолати нав 333 ҳолат дар шаҳри Тэгу, дар километри 300-уми қисмати ҷанубу шарқи Сеул ва 26 ҳолат дар вилояти ҳамсояи Кёнсанди Шимолӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дигар шаҳру вилоятҳои бузург низ дар бораи якчанд ҳолати сироятёбӣ гузориш додаанд.
Дар Сеул панҷ ҳолати нав муайян гардид. Ин вирус инчунин дар як сокини Пусан, ки дуввумин шаҳри калонтарини Кореяи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад, ташхис шудааст.
Зиёда аз 87 фоизи шумораи умумии гирифторони сирояти вирус дар Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳри Тэгу ва музофоти Кёнсанди Шимолӣ рост меояд. Рӯзҳои наздик шумораи тасдиқшудаи сироятёфтагон аз ин вирус дар Кореяи Ҷанубӣ метавонад зиёд шавад, зеро мақомоти тандурустии ин кишвар санҷиши беш аз 210,000 аъзои Ибодатгоҳи Исои Шинчхонҷиро (Shincheonji Church of Jesus) оғоз кардаанд. Мақомоти тандурустӣ гумон доранд, ки аз нисф зиёди сироятҳои вирус дар кишвар ба шабакаи мазҳабии маҳаллии Шинчхонҷӣ марбутанд.
Тибқи хабарҳо, субҳи якшанбе, 32 422 нафар дар Кореяи Ҷанубӣ мавриди ташхис қарор мегиранд. Натиҷаҳои ташхиси дар маҷмӯъ 61 037 нафар манфӣ баромадаанд. Теъдоди беморони шифоёфта ба 30 нафар расид.
Кореяи Ҷанубӣ 20 январ аввалин ҳолати коронавирусро тасдиқ кард, вақте ки натиҷаҳои ташхиси як шаҳрванди Чин, ки аз маркази паҳн гардидаи вирус- шаҳри Вуҳан омада буд. Натиҷаҳои ташхиси ин нафар дар робита ба сироятшавӣ ба вирус мусбат арзёбӣ гардид.
Тавре қаблан хабар дода шуд, дар иртибот ба коронавирус шурӯъ аз 1 март Қазоқистон шумораи парвозҳоро ба Кореяи Ҷанубӣ коҳиш медиҳад.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






