Дар як шабонарӯз дар ҷаҳон тақрибан 14 ҳазор нафар гирифтори бемории коронавирус гардиданд

Март 17, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар як шабонарӯзи охир шумораи сироятшудагони коронавирус дар ҷаҳон ба 13 903 расида, 862 нафар фавтидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора  дар ҳисоботи СУТ, ки 16 март интишор шудааст, омадааст. 

Аз рӯи маълумоти СУТ, шумораи умумии беморони COVID-19 дар олам 167 511 нафарро ташкил додааст. Аммо, бори аввал аст, ки шумораи сироятёфтагон дар Чин нисбат ба берун аз қаламрави  он камтар шудааст. Берун аз ҳудуди ин давлат 86 434 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, 6606 нафар ҳалок гардидаанд, ки нисф зиёди он аз Чин нестанд.

Хурӯҷи коронавируси COVID-19 моҳи декабри 2019 дар Ухани Чин ба амал омад.

Дар айни ҳол вирус дар 146 давлат паҳн шудааст. Беш аз ҳама он дар Аврупо ба назар мерасад. Тӯли шабонарӯз дар Германия ва Франсия теъдоди одамоне, ки гирифтори ин беморӣ гаштаанд, қариб ба ҳазор нафар расид. Дар Италия теъдоди мубталоён аз 27 ҳазор зиёд шуд.

              Акс: REUTERS       

Март 17, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон