Кӯдакон паҳнкунандагони пинҳонии коронавирус будаанд

Март 17, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони чинӣ ба хулосае омаданд, ки одатан  дар кӯдакони гирифтор ба коронавирус нисбат ба калонсолон аломатҳои сабуки бемории  COVID-19 зоҳир мешаванд. Ҳамзамон онҳо паҳнкунандагони ниҳонии ин беморӣ будаанд, ҳатто дар ҳолате, ки ягон нишонаи аёни сироят дар вуҷудашон   ба назар намерасид. Дар ин бора дар иттилоияи матбуотии  MedicalXpress гуфта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мутахассисон  натиҷаҳои муоинаи 745 кӯдаки аз думоҳа то 15-соларо, ки бо беморони  COVID-19  қаробату муоширати  наздик  доштанд ё аъзои оила буданд, таҳлил карданд. Ҳамагӣ дар 10 нафар (1,3 фоиз) нишонаҳои беморӣ ошкор гардида, ҳамзамон дар ягон нафари онҳо аломатҳои вазнини коронавирус  мушоҳида нашуданд.

Ҳарорати бадани  ҳафт нафар   аз 39 дараҷа баландтар нашудааст.

Олимон зикр мекунанд, ки  баъзе тифлон дарди гулӯ, сулфа ва нафаскашии  вазнин бо биниро аз сар гузаронданд, вале чун калонсолон аз дарди мушакҳо ва дарди сар азият накашиданд. Ташхиси  рентгении қафаси сина дар ҳеҷ кӯдак нишонаҳои илтиҳоби шушро  аён насохт.

Бо вуҷуди ин, кӯдакон метавонанд ҳамсолони дигари худро муддати тӯлонӣ сироят созанд. Ҳарчанд ташхисҳои бинӣ ва гулӯ натиҷаҳои солимиро нишон доданд, вирус баъди 13 рӯзи аз беморхона ҷавоб шудан дар наҷосати кӯдакон маълум гардид.

Тибқи маълумоти охирин, теъдоди фавт  аз коронавирус ба 6705 расида, шумораи умумии сироятшудагон  174 786 нафарро  ташкил медиҳад, ки аз ин 77 657 нафар шифо ёфтаанд.

АКС: AFP 2020

Март 17, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон