Коронавирус: аз мусулмонони Ӯзбекистон даъват намуданд, ки ҷамъомадҳои диниро маҳдуд кунанд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз мусулмонони Ӯзбекистон даъват гардидааст, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус дар ин кишвар ҷамъомадҳои динӣ ва ҷамъиятиро маҳдуд намоянд. Дар ин бора хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва Шӯрои уламои ин кишвар аз мусулмонони Ӯзбекистон даъват ба амал овардаанд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тамоми тадбирҳоро андешанд. Аз ҷумла, то ба эътидол овардани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, мусулмонон бояд намози ҷумъаро дар хона баргузор кунанд. Намози панҷвақта ҳам бояд дар хона баргузор шавад. Ғайр аз ин намозҳое, ки барои шахсони фавтида хонда мешаванд, бояд дар хона дар назди хешовандони шахси аз дунё гузашта ба ҷо оварда шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар чунин ҳолатҳои фавқулода баланд гардидани нархи ғизо, доруворӣ ва дигар маводи зарурӣ, ба вуҷуд овардани норасоии сунъӣ ва паҳн шудани овозаҳо дар байни мардум барои ислом ғайри қобили қабул аст. Тибқи изҳороти Шӯрои уламои мусулмонони Ӯзбекистон, ин фатво дар асоси хулосаҳои фатвои созмонҳои ҷаҳонии ислом, донишмандони давалтҳои мусулмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки дар онҳо коронавирус зуҳур намудааст, қабул шудааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






