НАВРӮЗИ ГУЛБАСАР ДАР ДУШАНБЕ. Бобои Деҳқон ва Маликаи баҳор ба сокинону меҳмонони шаҳр муждаи баҳор оварданд

Март 21, 2020 12:50

ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир  гардиданд. Пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2020» ба  таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд.

Шиору  овезаҳои наврӯзӣ аз фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо байту гуфтаҳои  шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд.

Шоми 20 март намояндагони чор ноҳияи шаҳр дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал» ҷамъ омада, бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр  кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли навро пешвоз гирифтанд.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд.

Корвони наврӯзии чаҳор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт  вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.

Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800-солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил намуданд.

Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон паёми шодбошии Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи кишвар расонданд.

Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуданд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри  пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи  пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ  таҷассум  ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ,  қадамҳои устувор дар ҷодаи бунёди давлати  ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор шуданд.

Яке аз рамзҳои Наврӯз баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиши миллӣ ба шумор меравад.

Дар ин робита бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ 21 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи гӯштингирон бо иштироки паҳлавонони номӣ ва варзишгарони ҷавон баргузор гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои кумитаи тадорукоти ҷашн қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  ба  ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз    22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи варзиши пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт — 2020» бо ҷалби беҳтарин варзишгарон, аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути  барномаҳои  пуршукӯҳи идона, баргузории  барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  мамлакат,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукргузории сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастии кулли  сокинони   мамлакат сурат гирифт.

Март 21, 2020 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад