Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Март 26, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонида, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Ниҳолҳое, ки дар боғ шинонида мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд. Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва миёнақад буда, самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар мебошад. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зичтар шинонида мешаванд, имкон пайдо мешавад, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аллакай аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил даромада, то панҷсолагӣ ба пуррагӣ самаровар хоҳанд шуд. Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, чунин навъи маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.

Тавре зимни муаррифӣ иброз гардид, боғи нав бо усули қатрагии рӯйихокӣ ва қатрагии зери шохсор обёрӣ гардида, дар масоҳати 0,67 гектар навъҳои себи “Голден Делишес”, “Стар Кримсон”, 0,46 гектар ноки “Санта Мария”, 1,76 гектар шафтолуи “Нектарин” ва “Амрикоӣ” парвариш карда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар мамлакат тайи чанд соли охир кишоварзон дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин барои истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ низ нақши чашмрас гузошта истодаанд ва бо бунёди боғҳои суперинтенсивӣ, ин иқтидор боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин бунёди боғи мазкур ба амалишавии ҳадафҳои Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” мусоидат намуда, майдони боғзор ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёдтар хоҳад кард.

Сарвари давлат ба кишоварзон дастур доданд, ки боғи навбунёдро бо риояи тамоми меъёрҳои агротехникӣ нигоҳубин намуда, барои нашъунамои саривақтии ниҳолҳои шинонидашуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Иштирок дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26.03.2020

Март 26, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон