Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен иштирок намуданд

Март 25, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 25.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

«Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18 нафар саҳмдор дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» дар маҷмӯъ дорои 41,56 гектар замин мебошад ва 11 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли гузашта дар майдони 7 гектар замин пунбадона кишт намуда буданд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 38 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо саҳмдорони хоҷагӣ барои таваҷҷуҳи бештар додан ба истифодаи васеъу пурсамари ҳар як қитъа замин ва дар ҷараёни кишти зироат ба сифат ва навъи тухмиҳое, ки ба обу иқлими ноҳия мувофиқ мебошанд, маслиҳатҳои судманд доданд.

Таъкид гардид, ки иҷрои корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳии саривақтии зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа ба нашъунамои ниҳолони пахта мусоидати фаъол мекунад ва ин раванд ба ҳосили хубу фаровон замина мегузорад.

Президенти мамлакат ба масъулони хоҷагӣ барои амалӣ намудани корҳои агротехникӣ ва саривақту бо сифати баланд ба анҷом расонидани маъракаи кишт дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» соли равон нақша доранд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 8 гектар замин пунбадонаи навъҳои серҳосили «Турки эдесса» ва навъи маҳаллии «Хуҷанд — 67» кишт намоянд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кишту парвариши ин навъи тухмиҳо ба обу иқлими ноҳияи Спитамен мувофиқ буда, аз ҳар як гектар замин то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст овардан имкон дорад.

Дар хоҷагӣ техникаҳои зарурии кишоварзӣ ба ин маърака ҷалб карда шуда, корҳо барои иҷрои босифати ҷараёни кишти пунбадона ва дигар анвои зироати ба ин айём мувофиқ ҳамакнун вусъат дода мешавад

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорони хоҷагӣ барои истифодаи пурсамари ҳар як порча замини дар ихтиёрдошта, парвариши зироат бо шаклу усулҳои муосир, ба гардиши кишоварзӣ  даровардани заминҳои нав, рушди соҳаи боғдорӣ ва бад-ин васила саҳми бештар гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Иштирок дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен 25.03.2020

Март 25, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд