Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони хусуии «Уқобча»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

Март 23, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмуи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард.

Корҳои таҷдиду навсозии муассиса соли 2019 оғоз гардида буд ва он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Иншооти соҳаи маориф барои 120 кӯдак пешбинӣ гардида, таълиму тарбия дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Баҳри дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. Бо ба фаъолият шуруъ намудани кӯдакистони «Уқобча» 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

4 айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча бо риояи унсурҳои миллӣ ба таври зебову замонавӣ сохта шудаанд, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия бисёр мувофиқ мебошад.

Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, чунки онҳо шахсан аз дасти Пешвои маорифпарвари худ туҳфаҳои идона гирифтанд.

Ҳангоми шиносоӣ аз шароити мавҷуда дар боғчаи кӯдакон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 36 адад расид.

Аҳли кормандони соҳаи маорифи ноҳияи мазкур Кӯдакистони хусусии «Уқобча» — ро, ки дар доираи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади ҳарчи бештар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон таъмиру навсозӣ шудааст, таҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани Кӯдакистони хусуии «Уқобча» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23.03.2020

Март 23, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон