Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «Хуҷанд-Агро»-ро мавриди истифода қарор доданд

Март 24, 2020 08:54

ДУШАНБЕ, 24.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд — Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.      

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.

Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Дар як шабонарӯз дар корхонаи “Хуҷанд-Агро” аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард қарор мегирад.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

Аз рӯйи иттилои мутахассисон, дар вақти коркард таркиби меваю сабзавот дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ҳаматарафа санҷида шуда, дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи мамлакат ба маҳсулоти онҳо талабот бештар аст.

Айни замон дар анборҳои корхонаи “Хуҷанд-Агро” зиёда аз 1,5 ҳазор тонна сабзӣ ва пиёз захира карда шудааст, ки то ҷамъоварии ҳосили имсола марҳала ба марҳала дар асоси фармоиши ширкатҳои тиҷоратӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ мавриди коркард қарор мегирад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо роҳбарияти корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, маҳсулоти кишоварзиро қаблан, яъне пеш аз оғози кишт ба деҳқонон фармоиш медиҳанд.

Ҳамчунин бо мақсади таъмин намудан бо маҳсулоти кишоварзӣ, ки заминаи асосӣ барои фаъолияти муназзам ба ҳисоб меравад, дар ҳудуди вилояти Суғд ба корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд-Агро” заминҳои корам вобаста карда шудааст.

Ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Хуҷанд - Агро” 24.03.2020

Март 24, 2020 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон