Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ба ин муносибат дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 намуди ин гулҳои тароватбахш, ба оилаи гулҳои ҳоландӣ ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомил буда, зиннатбахши ин макони дилписанд шудаанд.
Ба хотири шукуфоии бештари манзараҳои боғи навбунёд дар ҳамин макон 10 намуд гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро афзун намудааст.
Гурӯҳи карнайнавозон ва дойрадастон бо гулдухтарони ансамблҳои рақсӣ дар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳорати ширкаткунандагони ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки дар ду тарафи роҳ сурат гирифт, дидан намуданд.
Ҳунарнамоии фолклорсароёни 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷолибӣ диданӣ буд. Дастаҳои фолклорӣ-этнографӣ ва иштирокчиёни фестивал, дар рафти иҷрои сурудҳо дар як вақт нақшҳои наврӯзӣ, баҳор, арӯсу домод ва ғайраро аз давраҳои қадим то ба имрӯз бо сару либосҳои хосаи миллии ҳар давру замон иҷро карданд. Намоиши дастурхони идонаи наврӯзӣ низ бо унсурҳо ва анъанаҳои хоси ин ҷашни қадимӣ дар ҳамин мавзеъ оро ёфта буд.
Дар як вақт дар тамоми мавзеи сабзпӯши боғ аз тарафи мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳнаҳои композитсионии ҷолиб доир ба мавзӯъҳои «Наврӯз», «Баҳор», «Гули лола» ва бозиҳои миллии Наврӯзӣ иҷро карда шуданд.
Дар ин ҷо гӯшаи намоиши зинда ташкил карда шуд, ки аз ҳайвоноту парандаҳои нодир ва зебо иборат буд. Аз ҷониби дастандаркорон дар тамоми мавзеи боғ дар тани дарахтон ва наздикии онҳо қафаси парандаҳои хушхон, аз қабили бедона, кабк, саъба, тӯтӣ, товус, тазарв, кабӯтар ва ғайраҳо ҷойгир карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» аз таҷассуми даҳҳо ҳунари мардумӣ, пешниҳоди рангоранги либоси миллӣ, анвои хӯрокҳои нодири халқӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, намоиши ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модари тоҷик пешниҳоди мардум мегардад, ки ҳар бинандаро мафтун намудаву ба ваҷд меоранд ва ин раванд дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳад буд.
Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарнамоии фолклорсароёни шаҳру ноҳияҳои вилоят, муҳассилини мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳои баланд додаанд.
Дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони вилояти Суғд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба таври фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 МВт ба истифода доданд






