Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар имрӯзҳо тамоми табақаҳои ниёзманд, ятимон ва маъюбон таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шуда, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.
Чун анъанаи накуи наврӯзӣ ва бо хиради азалии раъиятпарварӣ ин навбат низ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятими вилояти Суғд дастархони идонаи наврӯзӣ ороста, ба онҳо шириниҳои гуногун, сару либос ва кумакҳои моддӣ расонданд.
Зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар роҳи расондани кумакҳо ба ниёзмандон, кӯдакону наврасонро ба хониши хуби илмҳои замони муосир, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани технологияи муосири компютерӣ ҳидоят карданд.
Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои чунин ғамхориҳо ба пушту паноҳи хеш ва роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумакҳои моддӣ расонда, руҳияи онҳоро баланд мебардоранд.
Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ятимон на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои соҳикасбу соҳибҳунар шудани наврасон низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳам ҳадди ниҳоии ғамхорию сарпарастии ятимон нест.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






