Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15 – ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз дод
ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 1-уми марти соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.
Рустами Эмомалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, дар баробари дигар сокинони Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.
Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамагӣ 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.
Тибқи иттилои КМИР, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Беш аз 230 нозири байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро назорат хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 250 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






