Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.
Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.
Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз — 2020” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи якумро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2020 насб намоянд.
Рамзи якуми ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 (дар формати JPG)
Рамзи дуюми ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 (дар формати JPG)
Рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2020 (дар формати CDR)








Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






