Роҳбари СУТ дар бораи муқовимат ба коронавирус: «ба корҳо такони ҷиддӣ бояд дод»

Март 6, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии   Созмони Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ  Тедрос Гебрейесус аз тамоми кишварҳо даъват намуд, ки таҳдиди коронавируси COVID19-ро ҷиддӣ қабул карда, барои ҳифз аз он фавран тадбирҳои зарурӣ андешанд ва ҳамзамон ба маълумоти бардурӯғе, ки сабаби таҳлука мегарданд, муқовимат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

Директори генералии СУТ рӯзи панҷшанбе эълон намуд, ки то ба имрӯз  95 265  ҳолати гирифторони коронавирси  COVID-19  ба қайд гирифта шуда, 3281 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Чин муддати як шабонарӯзи  охир 143 ҳолати нави беморӣ ошкор шуд,  ки аксари онҳо аз вилояти  Хубей ҳастанд, дар ду музофоти дигар беморони нав пайдо нашуданд. Дар 33 давлат имрӯз 2055 ҳолати сироят тасдиқ шудааст, ки 80 фоизи он ба се кишвар рост меояд. Ҳарчанд эпидемия дар баъзе кишварҳо паҳн шуда истодааст, дар 115 давлат  коронавирус  вуҷуд надорад, дар  Кореяи Ҷанубӣ шумораи сироятёфтаҳо коҳиш меёбад. Дар 21 давлат  як ҳолатӣ сабт гашта, дар панҷ кишваре, ки қаблан вирус ошкор гашта буд, аллакай 14 рӯз боз ҳолатҳои нав ба қайд гирифта нашудаанд.

Мутобиқи суханони  роҳбари СУТ, таҷрибаи  ин кишварҳо  ва Чин  нишон медиҳад, ки ин «ҳаракати якҷониба» нест. «Эпидемияро метавон боздошт, аммо танҳо бо усули муташаккилона, ҳамоҳангшуда ва ҳамаҷонибаи умумӣ барои тамоми қисматҳои ҳукумат», -гуфт доктор Тедрос.

«Асоси муқовимат бо вирус- ин  мубориза алайҳи  овозаҳо ва ахбори дурӯғин аст. Мо ба шумо эътимод дорем, то ин ки  мардум дар бораи хавфи эҳтимолӣ ва ҳифз намудани худ  бо маълумоти муътамад фаро гирифта шаванд»,- изҳор намуд доктор Тедрос ба намояндагони давлатҳо.

Нигаронии ӯ аз он буд, ки вирус метавонад ба кишварҳое дохил шавад, ки низоми ҳифзи тандурустиашон  заиф аст, аммо вай таъкид сохт, ки ягон кишвар аз сар задани  эпидемия  эмин буда наметавонад. Ҳамзамон  ӯ изҳори ташвиш намуд, ки  баъзе кишварҳо  ин таҳдидро ҷиддӣ қабул  намекунанд ё  ба қароре омадаанд, ки онҳо дигар коре  карда наметавонанд.

«Ин омӯзиш нест. Ҳоло замони таслим шудан нест. Алҳол вақти худсафедкунӣ нест.  Акнун  фурсати  он расидааст, ки ба корҳо вусъат  диҳем», — гуфт директори генералии СУТ .

Дар акс:  роҳбари  СУТ  Тедрос Адханом Гебрейесус /акси СММ / Д. Ҷонсон

Март 6, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон