Роҳбари СУТ дар бораи муқовимат ба коронавирус: «ба корҳо такони ҷиддӣ бояд дод»
ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Гебрейесус аз тамоми кишварҳо даъват намуд, ки таҳдиди коронавируси COVID19-ро ҷиддӣ қабул карда, барои ҳифз аз он фавран тадбирҳои зарурӣ андешанд ва ҳамзамон ба маълумоти бардурӯғе, ки сабаби таҳлука мегарданд, муқовимат намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.
Директори генералии СУТ рӯзи панҷшанбе эълон намуд, ки то ба имрӯз 95 265 ҳолати гирифторони коронавирси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 3281 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Чин муддати як шабонарӯзи охир 143 ҳолати нави беморӣ ошкор шуд, ки аксари онҳо аз вилояти Хубей ҳастанд, дар ду музофоти дигар беморони нав пайдо нашуданд. Дар 33 давлат имрӯз 2055 ҳолати сироят тасдиқ шудааст, ки 80 фоизи он ба се кишвар рост меояд. Ҳарчанд эпидемия дар баъзе кишварҳо паҳн шуда истодааст, дар 115 давлат коронавирус вуҷуд надорад, дар Кореяи Ҷанубӣ шумораи сироятёфтаҳо коҳиш меёбад. Дар 21 давлат як ҳолатӣ сабт гашта, дар панҷ кишваре, ки қаблан вирус ошкор гашта буд, аллакай 14 рӯз боз ҳолатҳои нав ба қайд гирифта нашудаанд.
Мутобиқи суханони роҳбари СУТ, таҷрибаи ин кишварҳо ва Чин нишон медиҳад, ки ин «ҳаракати якҷониба» нест. «Эпидемияро метавон боздошт, аммо танҳо бо усули муташаккилона, ҳамоҳангшуда ва ҳамаҷонибаи умумӣ барои тамоми қисматҳои ҳукумат», -гуфт доктор Тедрос.
«Асоси муқовимат бо вирус- ин мубориза алайҳи овозаҳо ва ахбори дурӯғин аст. Мо ба шумо эътимод дорем, то ин ки мардум дар бораи хавфи эҳтимолӣ ва ҳифз намудани худ бо маълумоти муътамад фаро гирифта шаванд»,- изҳор намуд доктор Тедрос ба намояндагони давлатҳо.
Нигаронии ӯ аз он буд, ки вирус метавонад ба кишварҳое дохил шавад, ки низоми ҳифзи тандурустиашон заиф аст, аммо вай таъкид сохт, ки ягон кишвар аз сар задани эпидемия эмин буда наметавонад. Ҳамзамон ӯ изҳори ташвиш намуд, ки баъзе кишварҳо ин таҳдидро ҷиддӣ қабул намекунанд ё ба қароре омадаанд, ки онҳо дигар коре карда наметавонанд.
«Ин омӯзиш нест. Ҳоло замони таслим шудан нест. Алҳол вақти худсафедкунӣ нест. Акнун фурсати он расидааст, ки ба корҳо вусъат диҳем», — гуфт директори генералии СУТ .
Дар акс: роҳбари СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус /акси СММ / Д. Ҷонсон








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






