Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҶДММ «Хантана Канада ИНК» дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ «Хантана Канада ИНК», оғози расмӣ бахшиданд.
Дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб карда шудаанд, роҳандозӣ мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 грамм то 700 грамм ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Хантана Канада” маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бузургтарин давлатҳои воридкунандаи асал мебошанд, содирот мекунад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.
Ашёи хом асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ карда мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст.
Корхона азм дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 240 тонна расонад. Дар ҶДММ “Хантана Канада ИНК” зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба роҳбарияти маъмурияти МОИ “Суғд” ҷиҳати ҷалби бештари субъектҳои нав дастур дода, таъкид доштанд, ки аз имтиёзҳо ва афзалиятҳои фароҳамовардашуда мақсаднок истифода баранд. Имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 29 субъект бо таъсиси 600 ҷойи кор фаъолият дошта, ин корхонаҳо давоми соли 2019 бо маблағи 168 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






