Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд

Март 26, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобил ба зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров пиёда гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидаанд. Дар қисмати гидропоника, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, айни ҳол парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст ва парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмӯлӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 адад ҳаводиҳандаҳои ихроҷкунандаи гармӣ насб гардидааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо истифода аз чунин имконоти муосир ва қоидаҳои агротехникӣ, аз ҳар гектар дар як сол бештар аз 180 тонна бодиринг рӯёнидан мумкин аст. Баъд аз ба истифода додани гармхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Аснои шиносоӣ бо имкониятҳо ва шароитҳои мусоиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ташкил ва роҳандозии парвариши растаниҳо, хусусан бодирингу помидор ва қаланфури булғориро бо чунин усул омили муҳими беҳтар намудани сифати маҳсулот ва ба даст овардани бозори гарми ин навъи маҳсулот хонданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон 6 гектар ангурбоғ низ мавҷуд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз боғи навбунёди ҷамъият дидан намуданд. Токзор бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ бунёд гардида, 3 гектари онро навъи ангури «Суғдиён», ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид гардидаанд, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи «Ҳусайнӣ» парвариш меёбад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ гардонида шуда, дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо меваю сабзавоти хуштамъу босифат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26.03.2020

Март 26, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд