Шакармамад Мирмамадов Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштин -мошини сабукрав дар ноҳияи Ванҷро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Барои ғолиби мутлақи мусобиқа Шоҳҷоиза- мошини сабукрав гузошта шуда буд, ки онро паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов баъди дар финал мағлуб намудани гӯштингир Фарёд Шайхов ба даст овард.
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардонида шуданд.








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






