Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон парвозҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо қатъ мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон тамоми хатсайрҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо мавқуф гузошта шуданд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ огоҳ гардиданд, ки парвозҳо дар фурудгоҳҳо қабул карда намешаванд. Ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ оид ба баста шудани бандарҳои ҳавоии мамлакат аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 март мактуби дахлдор ирсол карда шудааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори ин агентӣ Икром Субҳонзода дар мактуби худ ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур додааст, ки «бо мақсади пешгирии коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон» шурӯъ аз 20 марти соли 2020 парвозҳоро мавқуф гузоранд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус вуҷуд надорад. Аз 1 феврал то 18 март 1890 нафар ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ки 1426 нафари онҳо аллакай ба хона баргаштанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






