Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон парвозҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо қатъ мегарданд

Март 20, 2020 11:53

ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон тамоми хатсайрҳо ба Душанбе ва аз Душанбе ба дигар самтҳо мавқуф гузошта шуданд. Ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ  огоҳ гардиданд, ки парвозҳо дар фурудгоҳҳо  қабул карда намешаванд. Ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ  оид ба баста шудани бандарҳои ҳавоии мамлакат аз ҷониби  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 март  мактуби дахлдор  ирсол карда шудааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  директори ин агентӣ Икром Субҳонзода дар мактуби худ  ба тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур додааст, ки «бо мақсади пешгирии коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон» шурӯъ аз 20 марти соли 2020 парвозҳоро  мавқуф гузоранд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус вуҷуд надорад. Аз 1 феврал то 18 март  1890 нафар  ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ки 1426 нафари онҳо аллакай  ба хона баргаштанд.

Март 20, 2020 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн