СУТ афзоиши фавт аз коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ Ховар/. Ояндаи наздик фавт аз коронавирус дар Аврупо афзоиш хоҳад ёфт, гуфт намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тарик Язаревич. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия» хабар медиҳад.
Коршинос инро бо он шарҳ додааст, ки бисёр кишварҳо дар марҳилаи аввали эпидемия қарор доранд ва дар ҳамин ҳол дар Италия ҳам шумораи фавтидагон ва ҳам шумораи табобатёфтагон афзоиш меёбад.
«Афзоиши якбораи аз се то садҳо ҳолат дар тӯли чанд рӯз қобилияти Италияро дар пайгирӣ ва ба карантин фаро гирифтани онҳоро маҳдуд кардааст. Мушкилии асосӣ дар он буд, ки дар як қатор ҳолатҳо дар шимоли Италия робитаи муайяни эпидемиологӣ мавҷуд набуд. Онҳое, ки аз COVID-19 фавтиданд, ба ҳисоби миёна 2-3 ҳафта пеш сироят ёфта буданд»,-менависад «РИА Новости».
Чанде қабд СУТ даъват ба амал овард, ки аз истифодаи пулҳои нақд даст кашида шавад, зеро он метавонад яке аз воситаҳои дигари сирояти коронавирус дар ҷаҳон гардад.
Эпидемияи вируси SARS-CoV-2, ки омили сирояти илтиҳоби шуши шадиди COVID-19 гардид, охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин оғоз шуд. 11 март СУТ пандемияи коронавирусро эълон кард.
Тибқи маълумот, то субҳи 16 март, дар ҷаҳон тақрибан 170 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва тақрибан 78 ҳазор бемор шифо ёфта, беш аз 6,5 ҳазор нафар фавтидаанд.
Акс: REUTERS/Albero Lingria








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






