ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 март, душанбе, 90-умин рӯзи соли 2020 аст
30 марти соли 2016 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои Қарор «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» –ро баррасӣ намуданд.
***
10 сол пеш, 30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масъалаи Конфронси Душанбегии сатҳи баланд муҳокима карда шуд.
30 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Фаластин – Рӯзи ҳифзи замин.
***
Дар ИМА – Рӯзи миллии духтурон.
РӮЙДОДҲО:
30 марти соли 1960 бо Қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистону Шӯравӣ Палатаи савдои Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.
***
30 марти соли 2013 сомонаи расмии диаспораи тоҷик www.tjdiaspora.com.ua, ки муқими Украина мебошад, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат фаъол карда шуд.
***
4 сол қабл, 30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
***
30 марти соли 1870 тағйироти 15-ум ба Конститутсияи ИМА, ки ба шаҳрвандони сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дод, ба ҳукми амал даромад.
***
30 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Сингапур муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
30 марти соли 2004 дар Афғонистон Иттифоқи ҷумҳуриявии маъюбони ҷанг ташкил карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1987 дар музоядаи Лондон тасвири Ван Гога «Подсолнухи» бо арзиши 50 млн. доллар фурӯхта шуд.
***
Соли 1946 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории «Оскар» тариқи радио мустақиман пахш карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад