ТАСС: Комиссияи марказии интихоботи Россия хусусиятҳои хоси интихоботи Тоҷикистонро зикр кард
ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Россия (КМИ) Александр Кинев аз гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии СҲШ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон хусусиятҳои хоси ҷараёни интихоботро дар ҷумҳурӣ зикр намуда, ба имконияти табодули таҷриба бо ҳамкасбони тоҷик ишора намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Ҷиҳати хоси фарқкунандаи (интихоботи гузашта), ба назари ман, фазои ором ва хайрхоҳонаи он буд»,- гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ рӯзи душанбе. Ба қавли мавсуф, дар ҳар як участкаи интихоботӣ тамоми равиши интихобот бо тамоми ҷузъиёташ намоён буд, ки «ин имконият дод дар бораи интихобот хулосаҳои дуруст пайдо шаванд». Номбурда зикр кард, ки ҳар интихобкунанда ба қитъаи овоздиҳӣ бо даъватнома ҳозир шуд, яъне пеш аз интихобот мардумро хона ба хона огоҳ сохта буданд. Ба гуфти ӯ, аз чунин таҷриба дар Россия низ метавон кор бурд.
Кинев ҳамчунин ба фаъолияти касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки маҳз онҳо бехатарии интихоботро таъмин сохтанд, ишора кард. «Ягон ҳодисаи ногувор ё ҳолати ғайриодӣ рух надодааст»,- таъкид намуд ӯ.
Ҳамзамон намояндаи КМИ Россия ба набудани маълумот дар бораи номзадҳо дар участкаҳои интихоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки ин аз раванди интихобот дар Россия тафовут дорад, зеро онҷо одатан акси номзад бо шарҳи кӯтоҳи ҳоли ӯ дар овезаҳои иттилоотӣ пешниҳод мешавад. Ба ақидаи ӯ, барои интихобкунандагони тоҷик ин гуна ахбор мувофиқ мебуд, аммо «талаботи қонунгузории Тоҷикистон дигар аст», илова намуд номбурда. Кинев ҳамчунин зикр намуд, ки дар Россия натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дарҳол баъд аз баста шудани участкаҳои овоздиҳӣ тариқи интернет маълум мешаванд ва омодагии хешро барои табодули таҷриба аз ин ҷиҳат бо ҳамкасбони тоҷик изҳор кард.
1 март дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба палатаи поёнии Парлумон доир гардид. Дар интихобот 7 ҳизби сиёсӣ ширкат варзиданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ, Ҳизби Демократӣ, Ҳизби Сотсиал-демократӣ, ҳизбҳои сотсиалистӣ ва коммунистӣ. Мувофиқи натиҷаҳои интихобот 63 вакил интихоб мегарданд, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатӣ, 22 вакил аз ҳавзаҳои интихоботии умумиҷумҳуриявӣ интихоб карда мешаванд.
Раванди интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафт намояндаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ва 15 намояндаи СҲШ назорат карданд. Инчунин дар кори назорат ҳайати ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев роҳбарӣ мекард, ширкат варзид.
ДАР АКС: узви КМИ Россия Александр Кинев . Расм аз бойгонӣ








Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд






