ТАСС: Комиссияи марказии интихоботи Россия хусусиятҳои хоси интихоботи Тоҷикистонро зикр кард

Март 3, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои  Комиссияи марказии интихоботии  Россия (КМИ) Александр Кинев  аз гурӯҳи мушоҳидони байналмилалии СҲШ  дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон  хусусиятҳои хоси ҷараёни интихоботро дар ҷумҳурӣ зикр намуда, ба имконияти табодули таҷриба бо ҳамкасбони тоҷик ишора намуд, хабар медиҳад ТАСС.

«Ҷиҳати хоси фарқкунандаи (интихоботи гузашта), ба назари ман, фазои ором ва  хайрхоҳонаи  он буд»,- гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ рӯзи душанбе. Ба қавли  мавсуф,  дар ҳар як участкаи интихоботӣ  тамоми равиши интихобот бо  тамоми ҷузъиёташ намоён буд, ки «ин имконият дод дар бораи интихобот хулосаҳои дуруст пайдо шаванд». Номбурда зикр кард, ки ҳар интихобкунанда ба қитъаи овоздиҳӣ бо даъватнома ҳозир шуд, яъне пеш аз интихобот мардумро хона ба хона огоҳ сохта буданд. Ба гуфти ӯ, аз чунин таҷриба дар Россия низ метавон кор бурд.

Кинев ҳамчунин ба фаъолияти касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки   маҳз  онҳо бехатарии интихоботро таъмин сохтанд, ишора кард. «Ягон ҳодисаи ногувор ё ҳолати ғайриодӣ рух надодааст»,- таъкид намуд ӯ.

Ҳамзамон намояндаи КМИ Россия ба набудани маълумот дар бораи номзадҳо дар участкаҳои интихоботӣ таваҷҷуҳ  зоҳир  намуд, ки ин аз раванди интихобот дар Россия тафовут дорад, зеро онҷо одатан акси номзад бо  шарҳи кӯтоҳи ҳоли ӯ  дар  овезаҳои иттилоотӣ   пешниҳод мешавад. Ба ақидаи ӯ, барои интихобкунандагони тоҷик ин гуна ахбор мувофиқ мебуд, аммо «талаботи қонунгузории Тоҷикистон дигар аст», илова намуд номбурда. Кинев ҳамчунин зикр намуд, ки дар Россия натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дарҳол баъд аз баста шудани участкаҳои овоздиҳӣ  тариқи интернет маълум мешаванд ва  омодагии хешро барои табодули таҷриба аз ин  ҷиҳат бо ҳамкасбони тоҷик изҳор  кард.

1 март дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба палатаи поёнии Парлумон доир гардид. Дар интихобот  7  ҳизби сиёсӣ ширкат варзиданд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ, Ҳизби Демократӣ, Ҳизби Сотсиал-демократӣ, ҳизбҳои сотсиалистӣ  ва коммунистӣ. Мувофиқи натиҷаҳои интихобот 63 вакил интихоб мегарданд, ки 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатӣ, 22 вакил аз ҳавзаҳои интихоботии  умумиҷумҳуриявӣ  интихоб карда мешаванд.

Раванди интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафт намояндаи  Дафтари институтҳои демократӣ  ва ҳуқуқи башари САҲА  ва 15 намояндаи СҲШ назорат карданд. Инчунин дар  кори назорат  ҳайати ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  Сергей Лебедев роҳбарӣ мекард, ширкат варзид.

ДАР АКС: узви КМИ Россия Александр Кинев . Расм аз бойгонӣ

Март 3, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид