ВУРУДИ МУСОФИРОН БА РОССИЯ МУВАҚҚАТАН МАНЪ ГАРДИД. ЧӢ БОЯД КАРД? Изҳороти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо изҳорот паҳн намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Федератсияи Россия қарор қабул намуд, ки аз 18 марти соли 2020 то 1 майи соли 2020 вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба ҳудуди худ муваққатан манъ намояд.
Гуфта мешавад, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки аз гузаргоҳҳои транзитии фурудгоҳҳои Федератсияи Россия мегузаранд ва ё ба Федератсияи Россия вобаста ба вафоти хешу табори наздик сафар менамоянд, татбиқ намегардад.
Дар асоси қарори қабулгардидаи Ҳукумати Федератсияи Россия, вуруди мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, муваққатан манъ карда шудааст.
Ин амал ба он оварда расонидааст, ки шумораи мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тариқи нақлиёти ҳавоӣ бояд сафар мекарданд, кам гардида, ба ин васила ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои хатсайрҳои худро муваққатан қатъ намудаанд.
Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд.
Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39, 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шаванд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






