АЛҲАЗАР АЗ КОРОНАВИРУС! Аз 30 апрел то 10 май дар ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии пойтахт рӯзҳои санитарӣ эълон гардиданд

Апрель 29, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз 30 апрел то 10 май дар ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ рӯзҳои санитарӣ эълон гардида, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии шаҳрвандон  дар пойтахт тадбирҳои безараргардонии саросариро  пурзӯр намуда,  нахуст онро дар  ҷойҳои ҷамъшавии одамон, мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра  ба роҳ монд.

Хотиррасон мешавем, ки хурӯҷи коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.

Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Ҳукумати Тоҷикистон  барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакати мо  тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи шахсоне, ки аз хориҷа  ба  кишварамон  ворид гардиданд, бо карантин фаро гирифта шуданд.

Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда,  фаъол мебошанд.

16 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карда, дар ин робита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ситоди ҷумҳуриявӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат  пайваста  тақвият мебахшанд.

Апрель 29, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд