COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Иттиҳод ба 7101 нафар расид
ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 7101 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар қаламрави Иттиҳод зиёд шуда, мутаносибан ба 510 ва 85 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар Россия шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 4149 нафар, дар Украина ба 942, Арманистон ба 763, Қазоқистон ба 453, Озарбойҷон ба 443, Ӯзбекистон ба 221 ва Қирғизистон ба 130 нафар расид.
Дар Беларус ва Молдова шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 304 ва 505 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 281 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 43, Озарбойҷон — 32, Қазоқистон — 29, Ӯзбекистон – 25, Молдова — 23, Украина – 19 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 34 ҳолат, Украина – 23, Арманистон – 7, Молдова – 6, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Қирғизистон – 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 273 нафарро ташкил медиҳад, ки 10 нафари онҳо шифо ёфта, 6 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 53 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 213 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 37 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (245373 нафар), Италия (115242), Испания (112065), Германия (84794), Чин (81620), Франсия (59105), Эрон (50468), Британияи Кабир (33718), Швейтсария (18827) ва Туркия (18135) дохил мешаванд.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






