COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 25 ҳазор нафар наздик шуд

Апрель 15, 2020 13:24

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 3388 нафар зиёд шуда, 24 490 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шуда, мутаносибан ба 1 986 ва 198 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Шумораи сиротяёфтагон дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина ба 3 764 нафар, Қазоқистон ба 1 275 ва Арманистон ба 1111 нафар расид. Дар дигар кишварҳои Иттиҳод бетағйир боқи монда, дар Беларус – 3 281 нафар, Молдова – 1 934, Озарбойҷон – 1 197, Ӯзбекистон – 1 214 ва Қирғизистон – 449 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 351, Арманистон  – 297, Беларус – 203, Қазоқистон – 203, Молдова – 171, Украина — 143, Ӯзбекистон – 99 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 41, Беларус – 33, Арманистон – 17, Қазоқистон – 15, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 784 нафар расида, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 4 ҳазору 383 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 126 ҳазору 811 нафар вафот карда, 485 ҳазору 303 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 596 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (614 246 нафар), Испания (174 060), Италия (162 488), Франсия (143 303), Германия (132 210), Британияи Кабир (93 873), Чин (82 295), Эрон (74 877), Туркия (65 111) ва Белгия (31 119) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 АКС аз Александр Кондратюк/ РИА Новости

Апрель 15, 2020 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд