Коронавирусҳои марговар дар Чин ва Аврупо аз ҳам тафовут доштаанд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони Донишгоҳи Кембриҷ 150 шаҷараи мукаммали коронавируси SARS-CoV-2-ро таҳлил намуда, се намуди мухталифи сироятшавӣ — «A», «B» ва «С»-ро пайдо кардаанд. Аён шуд, ки вируси 24 декабри соли 2019 дар озмоишгоҳи Чин ошкор гашта на он вирусест, ки сабабгори пандемия гаштааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, хулосаҳои коршиносон дар маҷаллаи «Proceedings of the National Academy of Sciences» нашр шудаанд.
Ҳар се намуди вирус аз ҳамдигар аз лиҳози пайдарҳамии аминокислотаҳо фарқ мекунанд. Навъи «А» беш аз ҳама ба коронавирус наздиктар аст, ки он дар олами кӯршабпаракҳо гардиш мекунад ва нисбат ба SARS-CoV-2 хосияти аждодӣ дорад . Эҳтимол аст навъи «А» мустақиман аз тоифаи ваҳшии коронавирус ба вуҷуд омадааст. Навъи «А» ва «С» берун аз ҳудуди Осиёи Шарқӣ паҳн шуда, аслан онҳоро дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка вохӯрдан мумкин аст.
Навъи «В», ки аз навъи «А» рӯидааст (тағйирёбии табиӣ ё сунъиро паси сар намудааст), ба Осиё хос буда, берун аз он ба истиснои вирусҳои тағйирёфта дар дигар ҷойҳо паҳн намешавад. Ин чунин маъно дорад, ки аҳолии замин аллакай ба он масуният пайдо кардаанд ва ё худ монеаҳои экологӣ омезиш ёфта, садди роҳи паҳншавии он мешаванд.
Аз рӯи маълумоти охирин, дар олам беш аз 1,9 миллион ҳолати сироят ба қайд гирифта шуда, беш аз 114 ҳазор нафар фавтидаанд.
АКСИ Andrew Theodorakis / Getty Images








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






