ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Апрель 10, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 1-6 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 20-25 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва  рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шабона ва саҳар туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 10, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид