ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Апрель 23, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 23.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқи хушк ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 23, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид