Раҳмон Озода Эмомалӣ: «Бо пайдо ва паҳн шудани коронавирус ҷаҳон ба буҳрони нави иқтисодию молиявӣ дучор гардид»
ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон РАҲМОН Озода Эмомалӣ дар мусоҳиба бо нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 16 апрел роҷеъ ба фаъолияти худ дар симмати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси яке аз кумитаҳои калидии палатаи болоии парлумон – Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният суҳбат намуданд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат дар ин мусоҳиба оид ба натиҷаҳои фаъолияти кумитаи мазкур, инчунин вазъи ҷаҳон ва ҷомеаи кишвар изҳори андеша карданд.
Дар посух ба суол роҷеъ ба фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат Раҳмон Озода Эмомалӣ кори ин мақомотро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи қонунҳои кишвар бояд тамоми восита ва имкониятҳо барои таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва суботи ҷомеа равона сохта шаванд.
«Ба назари ман,-гуфтанд дар идома,-бо пайдо ва паҳн шудани коронавирус ҷаҳон ба буҳрони нави иқтисодию молиявӣ дучор гардид. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои мову шумо, аз ҷумла мақомоти прокуратура, дар баробари пешгирии пайдоиш ва паҳншавии вируси зикршуда татбиқи ҳама чора ба хотири таъмини амнияти иқтисодии кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии он, сатҳи зиндагии мардум ва маърифати санитарии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад».
Дар ин замина Раҳмон Озода Эмомалӣ таъкид намуданд, ки соли гузашта бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи онҳо падару модар бояд фарзандонро дар рӯҳияи бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд, истеъмоли моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ созанд, барои интихоби касб ба фарзандон кумак намоянд, инчунин асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчунин ба масъалаи мақому манзалати имрӯзаи зани тоҷик дахл карда, иброз доштанд, ки ҳар як инсон мехоҳад фарзандонаш солиму саводнок ва ботарбия бошанд.
«Агар хоҳем, ки дарҳақиқат ба ин гуфтаҳо ноил гардем, пас бояд барои занон шароити заруриро муҳайё намоем, зеро дар фарҳанги оиладории мардуми мо ба таълиму тарбияи фарзандон асосан занҳо машғуланд. Мо, занон, мехоҳем, ки дар ин кор мардон низ бо тамоми масъулият иштирок намоянд», — иброз намуданд Раҳмон Озода Эмомалӣ.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки дар ин бобат, тибқи дастурҳои Президенти кишвар, доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо дар идоракунии давлатӣ якчанд барномаҳои давлатьӣ қабул гашта ва мавриди татбиқ қарор доранд.
Бино ба андешаи Раҳмон Озода Эмомалӣ, сиёсати давлатии гендерӣ тақозо мекунад, ки дар ҳама соҳа бояд принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии занону мардон ва имконияти баробари амалисозии онро таъмин намоем.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






