РАМАЗОН ВА ПАНДЕМИЯ. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои мусулмонон тавсияҳо пешниҳод кард

Апрель 21, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел моҳи барои мусулмонон муқаддас – Рамазон оғоз мешавад. Дар ин вақт мусулмонон рӯза медоранд  ва ҳар шом  аз рӯи таомул барои ифтор сарҷамъ мешаванд. Мутахассисони СУТ  риоя  намудани як зумра   қоидаҳоро  тавсия медиҳанд, то маросими анъанавӣ сабаби паҳн шудани сирояти коронавирус   нагарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти иттилоотии СММ.

Баъзе диндорон вақти зиёди худро дар масҷидҳо мегузаронанд, алалхусус дар даҳ рӯзи охири моҳ. Эпидемиологҳои СУТ имсол ҷамъшавии  зиёди одамонро тавсия намедиҳанд, беҳтар  аст   чорабиниҳо дар шароити хона  доир гарданд ва робитаҳо тавассути  радио ва видео сурат гиранд. Инчунин тамиз кардани масчидҳо дар ин вақт амри зарурӣ  ба ҳисоб меравад.

СУТ чунин меҳисобад, ки ҷалби  ходимони дин барои муҳокимаи чорабиниҳои мазкур муҳим аст, зеро онҳо имконият доранд  ба мусулмонон иттилооти заруриро бирасонанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монанд.

Ба рӯзадорон пешниҳод мегардад, ки дар  ҳама ҳолат масофаи на камтар аз 1 метрро байни ҳам риоя  созанд. Ба ҷои дастфишорӣ намудҳои дигари салом, аз қабили сар ҷунбондан, даст боло кардан ё даст пеши бар гирифтанро  бояд истифода кард.

СУТ аз одамоне, ки худро бад ҳис мекунанд, қатъиян даъват менамояд, ки  аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд. Чунин тавсияҳоро инчунин одамони  аз 65–сола боло ва гирифторони бемориҳои музмин бояд  ба инобат гиранд, зеро онҳо дар доираи хатар ҳастанд.

Барои мардуми мусулмон одат шудааст, ки дар моҳи  рамазон ба шахсони ниёзманд кумак расонанд, масалан вақти хӯроки шом ифторро бо ҳам бинанд.  Мутахассисон даъват ба амал меоранд, ки  аз зиёфатҳои оммавӣ худдорӣ намуда, ба ҷои ин беҳтар аст хӯрокро дар қуттиҳои алоҳида тақсим кунанд.

Нисбат ба худи рӯза ва таъсири он ба саломатӣ бояд гуфт, ки ба  мусулмонони бемории коронавирус дошта, чун беморони дигар иҷозат дода шудааст, ки аз гирифтани рӯза худдорӣ намоянд- Ислом чунин сабукиҳоро барои беморон раво медорад.

Ҳамзамон табибон ёдрас менамоянд, ки дар моҳи мубораки Рамазон шахси рӯзадор бояд аз ҳама намуди маҳсулоти ғизоӣ баҳраманд бошад, то ин ки ҷисм заиф нагардад. Онҳо  маслиҳат медиҳанд, ки бештар меваҳои тару тоза ва сабзавот истеъмол намуда, пайваста нӯшидани обро низ фаромӯш накунанд.

Кашидани тамоку дар ҳама ҳолат зиёновар аст, бахусус дар моҳи Рамазон ва пандемия. Аксари тамокукашон аз бемориҳои шуш ранҷ мекашанд ва бинобар ин бемории коронавирусро нисбат ба дигарон вазнин аз сар мегузаронанд. Илова бар ин,  тамокукашӣ  имконияти ворид шудани вирусро ба организм зиёд менамояд.

Дар акс: тамизкунии масҷид дар шаҳри Истанбул (Туркия). Акс аз REUTERS

Апрель 21, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид