Рустами Эмомалӣ: «Дар тамоми ташкилоту муассисаҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба роҳ монда шаванд»
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус пурзӯр мегарданд. Бо ин мақсад ҳанӯз 16 марти соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд. Раисии ин Комиссия ба уҳдаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, котибии он ба зиммаи сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемеологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода вогузор гардид. Раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аъзои Комиссияи мазкур мебошанд.
Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи мазкурро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт новобаста аз шакли моликият корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ (дезинфексия) ба роҳ монда шаванд.
Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки дар пойтахт баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ бурда шаванд ва онҳо бояд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе қарор гиранд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҳангоми дар таътили баҳорӣ будани хонандагон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, роҳбарони онҳо муваззаф гардиданд, ки барои риояи гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла тез-тез шустани дастон барои хонандагону кӯдакон дар мактабу кӯдакистонҳо шароит фароҳам оварда шаванд.
“Тамоми марказҳои савдо, бозорҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ низ бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард гардиданд. Ҳамаи нақлиёти мусофиркашонӣ, аз ҷумла автобусу троллейбуссҳо ва таксиҳои шаҳри Душанбе ҳар саҳар, пеш аз оғози фаъолият безарар мегарданд. Партовҳо сари вақт бароварда ва партовгоҳҳо бо маҳлулҳои безараргардонӣ тамиз гардонида мешаванд”,-афзуд манбаъ.
Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҳамчунин супориши қатъӣ дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намуда, мутахассисони соҳа тавассути ВАО ба сокинон ва меҳмонони шаҳр баҳри пешгирӣ аз сирояти ин вирус пайваста тавсияҳои муфид диҳанд.
Раиси шаҳр сардорони раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳри Душанберо низ баҳри ташкили дурусти кор ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус вазифадор намуданд. Ҳамаи сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳои худро таҳия намуда, корҳои безараргардониро аз рӯи он ба роҳ мондаанд.








«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






