Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин суҳбати телефонӣ анҷом дод

Апрель 7, 2020 18:24

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани  маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили  гандум ва ордро баррасӣ намуданд.

Суҳбати телефонӣ дар фазои ҳамгироии нек ва сиёсати бобарори сарони ҳарду давлат сурат гирифт.

Апрель 7, 2020 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон