Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ховалинг — мошинҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel»
ДУШАНБЕ, 1.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва соҳибкорони ин ноҳия бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони мамлакат, аз ҷумла Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Шамшод Абдуллоев, Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Фарёд Шайхов, Фирдавс Насимов, Саидҷамол Алимардонов ва дигарон дар назар аст. Паҳлавонони шуҳратёри тоҷик барои ду Шоҳҷоиза-мошинҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel» байни ҳам мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Хурду бузург дар варзишгоҳи ноҳия ҷамъ омада, аз тамошои сабқатҳои ҷолиби гӯштингирӣ лаззат бурданд. Дар интиҳои мусобиқа паҳлавон Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз» гардид.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






