Суҳбати телефонии Қоҳир Расулзода бо Михаил Мишустин
ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси Ҳукумат, Сарвазири Федератсияи Россия Михаил Мишустин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Федератсияи Россия яке аз масъалаҳои мубрами рӯз — хуруҷи бемории сироятии коронавирусро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин вазъият ба роҳ мондани ҳамкории зич дар доираи сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин зарур ва саривақтӣ мебошад.
Ҳамзамон оид ба масъалаи содироти маҳсулоти барвақтии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурии дуҷониба дар ин самт ибрози назар карда шуд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






