СУТ: барои одамони солим ниқобҳо зарур нестанд

Апрель 3, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пӯшидани ниқоб аз ҷониби одамони солим талаб карда намешавад ва  он  наметавонад кафолати муҳофизат аз COVID-19 бошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба  «РИА Новости» намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  Тарик Язаревич хабар дода, паҳнкунии ниқобҳои худсохт ва ниқобҳои аз ҷониби тарроҳон омодашударо шарҳ додааст. 

«Мавқеи мо бетағйир мондааст. Барои одамони солим пӯшидани   ниқоб муҳим нест. Он шахсоне, ки нишонаҳои беморӣ дар он онҳо вуҷуд дорад, барои муҳофизат кардани дигарон бояд ниқоб пӯшанд. Инчунин одамоне, ки дар хонаҳояшон беморонро нигоҳубин мекунанд, бояд ниқоб пӯшанд, зеро онҳо метавонанд сироят ёбанд»,- гуфт ӯ.

Намояндаи СУТ таъкид кард, ки «танҳо ниқоб кафолати муҳофизат аз вирус буда наметавонад. Он бояд дар якҷоягӣ бо дигар чораҳо истифода шавад. Ва мушкил дар он аст, ки ниқоб пӯшида, одамон метавонанд ҳиссиёти бардурӯғи бехатарӣ дошта бошанд. Ва онҳо дигар чизҳоро фаромӯш мекунанд, ба монанди шустани дастон. Инчунин агар шумо намедонед, ки чӣ тавр ниқоб пӯшидан лозим аст, шумо маъмулан бештар  ба рӯи худ даст мерасонед”,- илова намуд Язаревич.

Т. Язаревич зикр кард, ки духтурон ва мутахассисони соҳаи тиб дар тамоми ҷаҳон, пеш аз ҳама, бояд ба миқдори кофӣ тамоми таҷҳизоти зарурии муҳофизатӣ дошта бошанд. Аз  ҷумла, ниқобҳо, айнакҳои муҳофизатӣ ва дастпӯшҳо.  Ин амалро  тавассути маҳдуд намудани хариди зиёди ин мавод аз ҷониби шаҳрвандони одӣ анҷом додан мумкин аст.

АКСИ РИА Новости

Апрель 3, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон