ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, сешанбе, 105-умин рӯзи соли 2020 аст
14 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
9 сол қабл, 14 апрели соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе — Қулма бо нақби Чормағзак ва роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа аз наздик шинос шуданд.
***
14 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ осорхонаи ин адиби бузург барои дўстдоронаш дари худро боз намуд.
14 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи илми тоҷик.
***
Дар Ангола рӯзи ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Хонаи миллӣ спектакли «Ҷомҳо чӣ мегӯянд»-и асарнавис ва коргардони тоҷик Раҳмон Одинаевро, ки аз рӯи ашъори Умари Хайём таҳия гардидааст, ба саҳна гузошт.
***
14 апрели соли 2015 дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои илми Россия дар Тоҷикистон доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1900 дар Париж калонтарин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Аврупо кушода шуд.
***
Соли 1912 «Титаник» ба яхпораҳои азим бархӯрд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад