Табибоне, ки бевосита бо мардуми дар карантин қарордошта кор мебаранд, бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини амнияти санитарии табибони вобасташуда ва кормандони хизматрасон, ки бевосита бо мардуми дар карантин қарордошта муддати 14 рӯз сару кор мегиранд, аз ҷониби ҳукумати малакат як қатор имтиёҳо муайян гардидааст. Онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар баробари ин, кормандони тиббии вобасташуда дар ҳолати карантин пурра бо лавозимот ва ашёҳои инфиродии ҳифзкунандаи яккарата, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ, респираторҳо, сипарҳои ҳифзкунандаи рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои тиббии яккарата, комбинезонҳо, пешдоманҳои яккарата, дастпӯшакҳои тамйизгардонда, пойафзолҳои муҳофизатии обногузар, маҷмӯи ашёҳои санитарию гигиенӣ ва ғайра таъмин карда мешаванд. Ин матлабро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баён намуд.
Насим Олимзода ҳамчунин зикр кард, ки дар назди вазорат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Маркази миллии иттилоотии (Call-center) зиддибуҳронии пахши мустақим (онлайн) ташкил ёфтааст, ки рақами телефони “Боварӣ”-и он 511 буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъол аст. Масъулони он тайёранд, ки ба ҳама гуна саволи шаҳрвандони кишвар ҷавоби мушаххас диҳанд.
«Дар мамлакат шумораи сироятшиносон 418, эпидемиологҳо 427, табибони озмоишгар 588 ва табибони наҷот ва беҳискунӣ 688 нафар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 100 сироятшинос, 218 эпидемиолог, 297 табиби озмоишгар ва 231 табиби наҷот ва беҳискуниро ташкил медиҳад. Дар мавриди зарурат, албатта, аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ мутахассисон ҷалб хоҳанд шуд»,- афзуд вазир.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






