Теъдоди умумии беморони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 1,6 млн нафар расид

Апрель 10, 2020 11:23

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди беморони сирояти коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафарро ташкил медиҳад, дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, ки омори  худро дорад, хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон 95 699 нафар қурбонии сирояти коронавирус шудаанд. Шумораи наҷотёфтагон ба 355 ҳазор мерасад.

Дар ИМА давоми як шабонарӯзи охир, 1 904 нафар қурбони COVID-19 шуданд. Ин нисбат ба як рӯзи пеш 61 ҳолат  камтар мебошад. Ҳамагӣ 16 672 нафар аз мушкилоти марбут ба коронавирус фавтиданд. Як рӯз пеш ин рақам 14 768 нафарро ташкил дода буд. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба 465 ҳазор расида, беш аз 25 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

Рӯзи панҷшанбе, 9 апрел, аз  аввалин огоҳиномаи СУТ оид ба ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар Чин 100 рӯз сипарӣ шуд, ёдовар шуданд дар созмон.

  Акс:   http://news.allcrimea.net/

Апрель 10, 2020 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон