Як сокини Хуҷанд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд

Апрель 23, 2020 12:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2020  /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

22 апрел ба бахши навбатдории Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба ин ҳодисаи фавқулода хабар расид.

Дар фурсати хеле кӯтоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, занро аз об берун оварданд. Маълум гардид, ки ӯ 37 сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.

То омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ» наҷотдиҳандагони Кумита ба зани ҷавон кумаки аввалини тиббӣ расонида, сипас ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Сабабҳои худро ба об партофтани зан муайян карда мешаванд.

Апрель 23, 2020 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад