Ҳайати намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Душанбе қарор дорад
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 май ҳайати намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки ба он коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо шомиланд, ба шаҳри Душанбе омад. Ҳайати мазкур бо мансабдорони баландпоя, шарикони соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони соҳаи мамлакат мулоқот карда, дар якҷоягӣ барои арзёбии хатарҳо ва фаҳмидани вазъ дар маҳалҳо, инчунин ҷиҳати таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори озмоишӣ-лабораторӣ кумак хоҳанд намуд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо зимни мулоқот ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили сафари ин ҳайат ба ҷумҳурӣ дар чунин шароити мураккаби ҷаҳон, ҳамчунин ҷиҳати шарикӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19 ва ҳамкории тӯлонӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки аз соли 1992 инҷониб Дафтари Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти системаи тандурустии кишвар кӯмаки техникӣ мерасонад.
Дар тӯли ду моҳи охир СУТ тақрибан 60 миссияҳои марбут бо COVID-19-ро ташкил намуда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дастгирии ташхисгоҳӣ, назорати беморӣ, банақшагирии амалиётӣ ва омодагии беморхонаҳо, роҳнамоии техникӣ расонидааст.
Инчунин СУТ сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи марбут ба бастани сарҳадот ва маҳдудияти нақлиёти ҳавоӣ ирсоли коршиносонашро барои дастгирии кишварҳо бар асоси дархости онҳо, дар ҷое ки лозим аст идома медиҳад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






