Ҳайати намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Душанбе қарор дорад

Май 4, 2020 13:45

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 май ҳайати намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки ба он   коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо шомиланд,  ба шаҳри Душанбе омад. Ҳайати мазкур бо мансабдорони баландпоя, шарикони соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони соҳаи мамлакат  мулоқот карда, дар якҷоягӣ барои арзёбии хатарҳо ва фаҳмидани вазъ дар маҳалҳо, инчунин  ҷиҳати таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори озмоишӣ-лабораторӣ  кумак хоҳанд намуд.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо  зимни мулоқот  ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили сафари ин ҳайат ба ҷумҳурӣ дар  чунин шароити мураккаби  ҷаҳон,  ҳамчунин ҷиҳати шарикӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19  ва ҳамкории тӯлонӣ   изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки  аз соли 1992 инҷониб Дафтари Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти системаи тандурустии кишвар кӯмаки техникӣ мерасонад.

Дар тӯли ду моҳи охир  СУТ тақрибан 60 миссияҳои марбут бо COVID-19-ро ташкил намуда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дастгирии ташхисгоҳӣ, назорати беморӣ, банақшагирии амалиётӣ ва омодагии беморхонаҳо, роҳнамоии техникӣ расонидааст.

Инчунин СУТ сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи марбут ба бастани сарҳадот ва маҳдудияти нақлиёти ҳавоӣ  ирсоли коршиносонашро барои дастгирии кишварҳо  бар асоси дархости онҳо, дар ҷое ки лозим аст идома медиҳад.

Май 4, 2020 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид